<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><title>Роҳбарам Ӯст СЧҲ117</title>
<lyrics>[C1]
   Роҳбарам Ӯст, роҳбарам Ӯст,
   Дар ҳар тангӣ роҳбарам Ӯст!
   Дар паи Ӯ вафодорам,
   Хушбахтам, чун Роҳбарам Ӯст!

[V1]
 Аз дил суруду ҳамд хонам,
 Орому шодам, чун донам:
 Дар ҳар макон, дар ҳар замон
 Ҳодӣ - Худост, Роҳбарам Ӯст!

[V2]
 Гар шохи умрам бишканад,
 Гар ғами дил афзун шавад.
 Тӯфони умрам чун расад,
 Оромам, чун Роҳбарам Ӯст!

[V3]
 Дар дасти Ӯ ин даст ниҳам,
 Ҳаргиз норозӣ нашавам.
 Хушнудам, чунки медонам,
 Қувватам Ӯст, Роҳбарам Ӯст!</lyrics>
<hymn_number>117</hymn_number>
</song>